Дар Тоҷикистон кодексе қабул шуд, ки мансабдорони ниҳодҳои санҷиширо аз гирифтани тӯҳфаҳо манъ мекунад. Ин кодекс бо қарори ҳукумат тасдиқ шудааст ва дар боби 4-уми он гуфта мешавад, ки "аз ҷониби мансабдори мақомоти санҷишӣ гирифтани тӯҳфаҳо, мукофот, инчунин, ифтихорнома, хизматрасонӣ бо мақсади таъсир расондан ба фаъолияти санҷишӣ... манъ аст". Ин кодекс, ки ба тозагӣ бо имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, аз панҷ боб иборат мебошад ва рафтори мансабдорони мақомоти санҷиширо ба танзим медарорад. Дар ин кодекс дар мавриди рафтори мансабдорони мақомоти санҷишӣ гуфт мешавад, ки "ҳангоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба зуҳуроти миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборӣ роҳ надиҳад".