Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 22-23 март ба Остонаи Қазоқистон меравад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов хабар медиҳад.
Вазир мегӯяд, баъди сафари президенти Ӯзбекистон "баъзе аз роҳбарон"-и кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба Остона меоянд.
Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки Мирзиёев ба ҳайси президент аввалин сафари хориҷиашро ба Остона анҷом медиҳад. Аммо вай 6-7 март ба Туркманистон сафари давлатӣ анҷом дод. Дар ин сафар Мирзиёев бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масъалаи захираи оби дарёҳои фаромарзиро баррасӣ карданд.
Вазири қазоқ мегӯяд, сафари президенти Ӯзбекистон шоҳидат медиҳад, ки кишварҳои минтақа "дар пешорӯи масъалаҳои фаромиллӣ" муттаҳид ҳастанд.