Додон гуфт, ҳамкорӣ бо Русияро беҳтар мекунад

Игор Додон ҳафтаи оянда ба Русия сафар мекунад.

Игор Додон, раиси ҷумҳури Молдова гуфт, ки ҳангоми сафараш ба Русия дар рӯзҳои 16 ва 18-уми март ва мулоқот бо раиси ҷумҳур Владимир Путин роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.

Хабаргузории русии ИТАР ТАСС аз қавли Игор Додон навиштааст, ки ӯ роҳҳои муқобила бо сиёсатҳои аврупогароёнаи ҳукумати эътилофии Молдоваро ҷустӯҷу мекунад, ки ба муносиботи Русия ва Молдова садама задааст. Ба гуфтаи Игор Додон,

“Ба эътиқоди ман, вазъи феълии ҳамкориҳои Русия ва Молдова, мухолифи манфиатҳои ду кишвар аст.” Ӯ сабаби бад шудани робитаҳои кишвараш бо Русияро дар амалкарди ҳукумати эътилофии Молдова медонад, ки ба қавли ӯ, “наздикӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро пеша кардааст.”

Дар натиҷа ба қавли ӯ Молдова бозори суннатии худ Русияро аз даст додааст ва бозори наве ҳам пайдо накардааст.