Ду таркиши маргбор дар Димишқ даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт

Ду таркиш дар шаҳри Димишқ, маркази Сурия, 30 кушта ва даҳҳо маҷруҳ боқӣ гузоштааст. Дар ин бора Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, хабар дод ва гуфт, ки ҳодиса рӯзи 11 март рух додааст. Расонаҳои Сурия теъдоди қурбониёнро 40 нафар гуфтаанд. То кунун ҳеҷ гурӯҳ масъулияти таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст. Хабаргузории “Ройтерс” мегӯяд, ки таркишҳоро ду маргталаб анҷом додаанд. Ҳадафи онҳо зоирони шиа будаанд, ки дар назди як оромгоҳе ҷамъ омада буданд. Даргириҳо дар Сурия аз соли 2011 ба ин тараф идома дорад. Нирӯҳои давлатии ин кишвар мегӯянд, ки бо мухолифони мусаллаҳ даст ба гиребон ҳастанд. Эътилофи таҳти роҳбарии Амрико дар ин кишвар алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” амалиёт анҷом медиҳад.