Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – дар нахустин сӯҳбати телефониаш бо Маҳмуд Аббос – раҳбари Фаластин – ӯро барои баҳс дар мавриди сулҳ бо Исроил ба Кохи Сафед даъват кардааст. Мақомоти Амрико рӯзи 10 март гуфтанд, оқои Трамп ба Маҳмуд Аббос гуфтааст, бояд дар мавриди муомилаи сулҳ мустақиман бо Исроил гуфтугӯ кунад ва Амрико барои расидан ба ин ҳадаф бо ҳарду ҷониб аз наздик кор хоҳад гирифт.
Фаластиниён ба хотири ҳимояти сарсахтонаи Трамп аз Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ибрози нигаронӣ кардаанд. Нетаняҳу яке аз аввалин раҳбарони ҷаҳон буд, ки Трамп пас аз маросими адои савгандаш ба унвони раиси ҷумҳури Амрико аз ӯ мизбонӣ кард.
Маҳмуд Аббос гуфтааст, ки тарафдори ҳалли низоъ миёни Фаластину Исроил аст, вале айни замон шаҳраксозиҳои Исроилро монеи аслӣ дар ин роҳ донистааст.