Мусофирони ҳавопаймои Boeing 737 – 300, мутааллиқ ба ширкати "Тоҷик Эйр", ки шаби 9 март ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишаст, бегоҳи 11 март ба самти Маскав парвоз хоҳанд кард.
Азиз Хайруллоев – сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” – рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, як қисми мусофирон дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда шуда, аз тасмими ба таъхир афтодани замони парвоз огоҳ гардидаанд. Вай афзуд, дар сурати қатъи парвоз пули билети мусофирон сад дар сад бозпас дода хоҳад шуд.
Шаби 9 март як ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" бо 140 мусофир, бинобар мушкилоти фаннӣ ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст. Қурбони Алимардон, раиси фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 10 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз чархҳои ҳавопаймои парвози 645 дар хатсайри Хуҷанд-Маскав баъд аз гирифтани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон бар асари расиши санг ва ё оҳанпора хароб шуд ва бинобар ҳамин, ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргашт.
Пеш аз нишастан ҳавопаймо ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд чарх задааст, то маводи сӯхташро кам кунад.