Дипломатҳои ҳафт кишвари Аврупои Шарқӣ рӯзи 7 март зимни сӯҳбат дар зеркумитаи умури молии Сенати Амрико аз қонунгузорон даъват карданд, ки аз муқовимати онҳо дар муқобили дахолати Русия пуштибонӣ ва таҳримҳои алайҳи Маскавро ҳифз кунанд.
"То замоне ки Русия аз хоки Украина берун наравад, ҳеҷ нармише дар таҳримҳо бояд ҷой надошта бошад", - гуфт вазири умури хориҷии Украина Павел Климкин.
Тавре хабаргузории Reuters гузориш медиҳад, аз ин даъват сафирони Лаҳистон, Гурҷистон, Латвия, Литва ва Эстония пуштибонӣ карданд. Онҳо амалҳои Русияро "ҷанги гибридӣ" арзёбӣ мекунанд, ки дар чаҳорчӯби он Кремл ҳамлаҳои ҳакерӣ, маъракаҳои таблиғотӣ ва таҳдиди истифода аз зӯрро ба кор мебарад.
Диломатҳои Аврупои Шарқӣ ба суоли аъзои зеркумитаи молии Сенат, ки онҳо бештар ба чӣ ниёз доранд, аз васоили дифоӣ, бо шумули силоҳ ном бурданд.
Раҳбари зеркумитаи молии Сенати Амрико Леднси Грэм, ки пеш аз оғози нишаст масоили сиёсати хориҷиро бо президент Трамп матраҳ карда буд, ба дипломатҳои Аврупои Шарқӣ гуфт, ки ба назари ӯ президент шарики хуби онҳо хоҳад шуд.