Дар Кӯлоб, яке аз шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон, барои аввалин бор аз замони фурӯпошии Шӯравӣ як тоҷир дӯкони гулфурӯшӣ боз кардааст. Олим Шокирӣ рӯзи 7 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ташкили ин дӯкон зарурат пеш омада буд. "Дар гузашта вақте гул зарур мешуд, аз Душанбе ё аз минтақаҳои дигар пайдо мекардем. Ин дӯконро барои худамон, барои ободии шаҳри Кӯлоб ташкил кардем, ки мардум заҳмат накашанд ва ба ҷойҳои дигар муроҷиат накунанд. Аз ҳамин ҷо омада, гул бихаранд", - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вай гулҳоро аз шаҳри Душанбе меорад, ки вобаста ба навъи он аз кишварҳои хориҷ ворид мешаванд ва талабгорони зиёд доранд.
Наврӯз, як сокини шаҳри Кӯлоб, гуфт, тасодуфӣ аз кӯча мегузашт ва дӯкони гулфуруширо дида, ба қавлаш, фурсатро ғанимат шумурд ва барои ҳамсараш гул харид. Ӯ гуфт, ба ҳамсараш дар рӯзҳои муҳими зиндагиашон ва ҷашнҳо гул тақдим мекунад. "Пештар гулро аз Душанбе фармоиш медодем, ки аз як тараф вақти зиёд мегирифт ва аз тарафи дигар харҷи зиёд дошт. Як гул то панҷоҳ-шаст сомонӣ буд", - гуфт Наврӯз.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Инки чаро дар яке аз бузургтарин шаҳрҳои Тоҷикистон то ин дам дӯкони гулфурушӣ набуд, сабабҳои худро дорад. Мардуми Кӯлоб барои тақдим дар хонаҳояшон гул мепарвариданд ё онро аз пуштаҳои атрофи шаҳр мечиданд. Аз ин рӯ, фурӯхтани гул дар инҷо маъмул нашуд.
Тилло Бобоев, яке аз бунёдгузорони боғи ботаникӣ дар Кӯлоб, аст, ки соли 1985 бунёд ёфтааст. Ӯ гуфт, баъд аз ду соли ташкили боғ дар маркази шаҳр як дӯкони гулфурӯшӣ боз карданд, вале ба далели наёфтани харидор баста шуд. Бобоев афзуд, "дар онҷо давоми ду моҳ гул баровардем. Мутаассифона, касе, ҳатто як нафар ҳам гул нахарид. Он давра ҳолати иқтисодиамон хеле паст буд ва моро водор кард, ки дигар аз ин кор даст кашем."
Ин боғ ба маконе табдил ёфт, ки хоҳишмандон дигар меомаданду ройгон (бепул) аз кормандони он гул мегирифтанд. Мардум то чанд сол пеш гулеро, ки дар хона парвариш карда наметавонистанд ва дар пуштаҳо намерӯид, дар боғи ботаникӣ пайдо мекарданд. Ин боғ то як вақти муайян ниёзҳои мардумро қонеъ мекард.
Ҳоло бо тағйири вақт завқҳо ҳам тағйир кардаанд. Олим Шокирӣ мепиндорад, ки ба ин завқҳо сарфаҳм рафтааст ва ин маълумот тиҷорати ӯро рушд хоҳад дод. Вай гулҳоро аз шаҳри Душанбе меорад, ки вобаста ба навъи он аз кишварҳои хориҷ ворид мешаванд ва талабгорони зиёд доранд.