Сарҳадчиён дар банди барф монданд

Мисли дигар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон, ин деҳа ҳам зери барфу тарма монд ва зиндагии ҳамарӯзаи онҳоро бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ кард. 

Моҳи феврали имсол яке аз пурқурбонитарин марҳилаҳо буд ва дар ин муддат дар манотиқи кӯҳии Суғду Бадахшон 21 нафар кушта ва 3 нафар нопадид шуданд.

Дар деҳаи Сарҳадчиён, ки дар забони сокинонаш ҳанӯз бо исми қаблии Қарамиқ ёд мешавад, 150 хонавода зиндагӣ мекунад.

Сафар Абдолов, як сокини маҳаллӣ гуфт, давоми ду моҳи охир вазъи онҳо хеле сангин буд ва боришоти беист корҳои поккории роҳҳоро беасар мекард. Баъди он ки боришот кам шуд, ду ҳафтаи дигар сокинон мунтазири кӯмак буданд, вале вақте диданд, ки натиҷа надод, тасмим гирифтанд аз паи ҳашар шаванд.

Вай аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки бо вуҷуди сардиву боришоти зиёд, банд мондани роҳ ва номумкин шудани иртибот бо наздиктарин манотиқи ҳамсоя, нафаре аз сокинони деҳа бемори вазнин нашуд, вагарна шонси кӯмак хеле кам буд.

Ҳоло, мегӯянд сокинон, мушкили асосии онҳо камбуди захираҳои ғизо будааст. Масдудияти роҳ имкон намедиҳад, ки аз маркази ноҳия ва шаҳрҳои наздик ба хонаашон маводи мавриди ниёз харидорӣ кунанд.

Вазорати  нақлиёти Тоҷикистон  гуфт, бар асари тармафароии давомдор, роҳ дар ҳоли поксозӣ қарор дорад ва ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор наёфтааст 

Даҳҳо сокини деҳаи марзии Сарҳадчиён (собиқ Қарамиқ)-и ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ), ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, баъди дар инзивои думоҳаи барфу тарма мондани деҳа, субҳи рӯзи 6 март ҳашаре ташкил карда ба пок кардани барфи назди деҳа шурӯъ карданд.