Кормандони ширкати "Гормост"-и Москва ёдгории мардумии гиромидошти хотираи Борис Немтсовро дар сари Пули Калони фарози дарёи пойтахти Русия боз хароб карданд.
Ба гуфтаи сомонаи ОВД-Инфо, аз маконе, ки сиёсатмадори мухолифи машҳури рус дар онҷо ду сол пеш кушта шуд, шаби якшанбе ба душанбе ҳамаи аксу гулдастаҳоро бардоштанд.
Дар баробари ин, ба фаъолони навбатдори назди ёдгорӣ таҳдид низ шудааст. Ба гуфтаи Инна Холодтсова, раҳбари гуруҳи кормандони "Гормост" ба навбатдор Любов Сергеева гуфтааст, ки ӯро аз болои пул ба замин хоҳад андохт.
Хабари тахриби дубораи ёдгории мардумии гиромидошти хотираи Немтсовро узви ҳаракати "Ҳамраъйӣ" Надежда Митюшкина низ дар Твиттер тасдиқ кард.
Аз ибтидои моҳи март ба ин сӯ мақомот чанд бор аст, ки талош мекунанд, то ин ёдгориҳои мардумиро аз байн бубаранд. Кӯшиши ахир 4 март сурат гирифта буд. Шаби 26 ба 27 феврал дар болои пул шаш нафар боздошт шуда, кормандони "Госмост" ҳамчунин гулдастаҳоро низ бо худ бурда буданд.
Борис Немтсов шаби 28 феврали соли 2015 дар болои Пули калони Москва, дар маркази шаҳр кушта шуд. Гуруҳи ташаббускор чанд муддат аст, ки талош мекунанд, то дар маҳалли куштори Немтсов лавҳаи хотироти ӯро гузоранд, вале мақомоти Москва ба ин дархост ҳамеша ҷавоби рад медиҳанд.