Вазъи зиндагии довталабони Ҳаҷ дар Тоҷикистон санҷида мешавад

Вазъи зиндагии талабгорони зиёрати Ҳаҷ дар Тоҷикистон санҷида хоҳад шуд. Ин нукта рӯзи 3 март дар нишасти кумисюни омодагӣ ба “Ҳаҷ – 2017” бо ҳузури Азими Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – дар Душанбе садо додааст. Мақомот гуфтаанд, ки санҷиши вазъу шароити хонаводаи талабгорони Ҳаҷро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ анҷом медиҳанд. Инчунин, дар ин нишаст гуфта шудааст, риояи синни зоирон ва Ҳаҷҷи такрорӣ таҳти назорат гирифта шавад. Ҳоло шаҳрвандони то 35-солаи Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Каъба маҳруманд. Мақомоти Кумитаи дин гуфтанд, ин тасмим барои роҳкушоӣ ба пироне гирифта шудааст, ки дар навбати тӯлонӣ истодаанд. Мавсими Ҳаҷҷи фарзии имсола зоҳиран ба охири моҳи август рост меояд. Ҳар сол аз Тоҷикистон то шашуним ҳазор нафар барои зиёрати Каъба мераванд. Имсол муфтиёти Русия аз Арабистони Саудӣ хостааст, то иҷоза диҳад, муҳоҷиронии кории муқими Русия аз ҳисоби квотаи он кишвар ба Ҳаҷ бираванд. То кунун нархи сафари Ҳаҷҷи имсола эълон нашудааст.