300 000 доллар – кумаки Рустами Эмомалӣ ба занони кӯчарӯб

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе – дастур додааст, ки ба занони "посбони зебоӣ" дар пойтахт дар маҷмӯъ дуним миллион сомонӣ, муодили беш аз 300 ҳазор доллар, кумаки якдафъаина расонда шавад. Ӯ рӯзи 3 март бо имзои як қарор гуфтааст, ин миқдор пул аз ҳисоби "маблағҳои озоди буҷаи шаҳр" ҷудо шуда, ба заноне дастрас мегардад, ки "дар раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзиливу коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони мақомоти пойтахт ва сохторҳои он фаъолият доранд".

Баъзеҳо нафақат ин заҳматро дарк намекунанд, балки давоми рӯз шаҳрро ифлос карда, кори моро дучанд менамоянд.

Дар шаҳри Душанбе, ки расман ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, тақрибан дуним ҳазор зани роҳрӯб кор мекунанд ва маоши онҳо аз 600 то 800 сомонист. Ҳаштод дар сади кормандони Хоҷагии коммуналии пойтахт низ занон ҳастанд. Агар солҳои пеш бештар занҳои солхӯрда ба поккории шаҳр ҷалб мешуданд, ҳоло бо як назар метавон дарёфт, ки синни занони роҳрӯб торафт ҷавонтар мешавад.

Рустами Эмомалӣ

Бахши умдаи занҳои роҳрӯб аз хонаводаҳои камбизоати шаҳр ва канораҳои пойтахт буда, дар гузашта хонанишин ё кормандони фабрикаву корхонаҳои давлатӣ буданд. Ҳарчанд дар гузашта ин табақаи коргарон камтар қадр мешуданд, аммо дар чанд соли охир шаҳрдории Душанбе дар ҷашну идҳои миллӣ ба онҳо мукофотпулӣ медиҳад. Соли гузашта Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе, дар як ҷаласа онҳоро «посбони зебоиву тозагии шаҳр» унвон карда, барояшон 2 миллион сомонӣ ёрии якдафъаина ҷудо карда буд.

Латифа, яке аз занони роҳрӯб дар Душанбе, рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд чунин кумакҳои якдафъаина тамоми мушкилоти хонаводаи онҳоро ҳал намекунад ва мақоми онҳоро аз фарш ба арш намебардорад, аммо ба маънои қадрдонии меҳнати онҳост.

“Бовар кунед, ҳар кас ба қадри заҳмати роҳрӯбону фаррошон намерасад. Кори мо он қадар ҳам, ки баъзеҳо тасаввур мекунанд, осон нест. Шумо бояд субҳи барвақт, ҳанӯз ки одамон бедор нашудаанд, бояд шаҳру биноҳоро тоза кунед. Баъзеҳо нафақат ин заҳматро дарк намекунанд, балки давоми рӯз шаҳрро ифлос карда, кори моро дучанд менамоянд. Агар чунин қадрдонӣ бештар шавад, дилгармии мо ба кор афзунтар хоҳад гардид», - афзуд мусоҳиби мо.

Кумакҳои шаҳрдорӣ барои занони роҳрӯб ва фаррош дар пойтахт дар остонаи “Рӯзи Модар”, яъне 8 март, дастрас мешавад. Ин рӯз мероси даврони Шӯравист, ки ба унвони ҷашни озодии занон таҷлил мешуд, вале чанд соли пеш мақомоти Тоҷикистон онро ба "Рӯзи Модар" табдил доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи январи имсол ба курсии шаҳрдори Душанбе нишаст ва дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-соларо иваз кард. Вай дар тақрибан ду моҳи раёсаташ дар Душанбе ба танзими нақлиёт дар роҳҳо пардохта, аз омодагии ҷиддӣ барои таҷлил аз Наврӯз хабар ҳам дод ва аз мақомот хост, ки бо таъсиси гурӯҳҳои муштарак дар байни мардум маданияту масъулияти шаҳрнишиниро тарғиб кунанд.

Рустами Эмомалӣ пеш аз онки ба шаҳрдории Душанбе биёяд, ба ҳайси раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва аз он пештар ба ҳайси раиси Хадамоти гумрук кор кардааст ва рутбаи генералӣ дорад. Дар ҳоле ки таъини Рустами Эмомалӣ интиқоди мухолифонро дар бораи афзоиши хешутаборчигӣ дар ҳукумат бештар кард, аммо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла раиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон таъини ӯро қонунӣ донист ва гуфт, ин тасмим муғойир ё мухолифи ҳеҷ қонун набуд.