Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Кӯлоб: Маоши занони кӯчарӯб пардохта шуд


Акси таҷаммӯи занони кӯчарӯб дар Кӯлоб. 11 декабри соли 2015
Акси таҷаммӯи занони кӯчарӯб дар Кӯлоб. 11 декабри соли 2015

Додситони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки баъд аз нашри як матлаби торнамои "Озодӣ" дар бораи пардохт нашудани маоши кӯчарӯбҳои идораи ободонии Кӯлоб ин масъала "баррасӣ ва ҳал шудааст".

Хушвақт Машрабзода, додситони Кӯлоб, дар номаи расмӣ ба унвони Радиои Озодӣ аз ҳал шудани мушкили маоши кӯчарӯбҳо дар ин шаҳр хабар дод. Ӯ дар ин нома, ки 12 январ ба дасти мо расид, гуфтааст, раҳбарияти корхонаи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и Кӯлоб то ин дам ҳудуди 140 ҳазор сомонӣ маоши пардохтнашудаи кормандонашро дода, як қисми дигарашро ба зудӣ пардохт хоҳад кард.

Як моҳ пеш гурӯҳе аз занони кӯчарӯби идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и шаҳри Кӯлоб аз пардохт нашудани музди маоши панҷмоҳаашон шикоят карда, хостори ҳалли ин мушкил шуданд.

Хушвақт Машрабзода дар номаи худ гуфтааст, "ҳолати мазкур аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб мавриди санҷиш қарор гирифта, санаи 13 декабри соли 2015 ба унвонии директори КВД "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ" баҳри пардохт намудани музди меҳнати кормандон ба маблағи 189 ҳазор сомонӣ амр дода шуд."

Ӯ мегӯяд, ки баъд аз амри онҳо 137 ҳазору 490 сомонӣ музди маоши кормандони "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ" пардохт шуда, "дар сурати ворид гардидани маблағ ба суратҳисоби ин корхона, музди боқимондаи меҳнати кормандон низ пардохта хоҳанд шуд".

Дар ҳамин ҳол, Қурбонбӣ Салимова - яке аз занони кӯчарӯб мегӯяд, ки баъд аз нашри ин матлаб ва даъвои онҳо ба додситонӣ музди семоҳаи корашон пардохт шуда, ҳанӯз як қисми дигараш боқӣ мондааст. Ба қавли мусоҳиби мо, "баъди чопи матлаби Шумо маоши мо дарҳол пардохт шуд ва ҳоло раҳбарияти корхона ваъда додаанд, ки музди меҳнатамон дигар банд намемонад ва талош хоҳанд кард, ки саривақт бидиҳанд. Ҳоло ба мо гуфтанд, ки баъди се ё чор рӯз маоши семоҳаи дигари мо низ мешавад."

Дар пайи мушкили пардохт нашудани маоши кормандони корхонаи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и Кӯлоб раиси ин идора Алӣ Алиев ба истеъфо рафта, ҳоло ба ҷойи ӯ Зайрулло Нуралиев таъин шудааст. Ба гуфтаи кормандон, раиси нав дар баробари омаданаш ба сари вазифа корро аз гусели кормандони нафақахӯр ба рӯхсатии дарозмуддат оғоз кардааст.

Худи Зайрулло Нуралиев 12 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ӯ аз 23 декабр ба ин вазифа омадааст ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ маоши пардохтнашудаи кормандонашро рӯзҳои наздик хоҳад дод.

Рӯзи 11 декабри соли гузашта ҳудуди 30 тан аз коргарони идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и Кӯлоб бо талаби маоши панҷмоҳаи худ дар назди бинои додситонӣ ва ҳукумати ин шаҳр ҷамъ омада гуфтанд, ки агар мақомоти шаҳр ба додашон нарасанд, онҳо ба ниҳодҳои болоӣ муроҷиат хоҳанд кард. Аз ҷумла, Ҳарамгул Одинаева, яке аз коргарони ин идора дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки панҷ моҳ боз пул нагирифтааст ва аз фурӯшгоҳҳои назди хонааш борҳо бо қарз маводи ғизоӣ гирифтааст. Ӯ афзуд, вай ва аксари ҳамкоронаш занони бешавҳар буда, нигоҳубини хона ва таъмини фарзандон ба дӯши онҳост.

Пули корхонаи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ" аз буҷаи шаҳри Кӯлоб ҷудо мешавад. Маоши миёнаи коргарони ин идора дар як моҳ 365 сомонӣ буда, онҳо бештар ба нигоҳубини гулу буттаҳо ва тоза кардани боғ ва атрофи шаҳр машғуланд.

Дар зимн, соли гузашта низ кормандони идораи коммуналӣ барои пардохт нашудани маоши семоҳаашон ба шаҳрдорӣ шикоят бурда буданд. Дар пайи эътирози онҳо шаҳрдорӣ ба сардорри молиёт супориш дода буд, ки аз ҳама пештар маоши кормандони бахши коммуналӣ ва идораи "Ободонӣ" пардохта шаванд.

Додситони Кӯлоб: Маоши занони кӯчарӯб пардохта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG