Марко Рубио, сенатори Ҷумҳурихоҳ, пешниҳод кард, ки ба кӯчаи ба номи Вашингтон, воқеъ дар муқобили сафорати Русия, исми сиёсатмадори кушташуда Борис Немтсовро бидиҳанд. Рубио ин тарҳро дар дуюмин солгарди куштори Борис Немтсов пешниҳод кард.
Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод - Радиои Оодӣ гуфт, "ин муҳим аст, зеро ба қазияи як нафар таъкид мекунад, ки барои мухолифаташ бо ҳукумати Путин ҳаёташро аз даст дод."
Рубио гуфт, "кӯчаи Борис Немтсов бояд ҳамеша ба режими Русия ёдрас кунад, ки хомӯш кардани садои озодӣ ғайри имкон аст."
Немтсовро 27 феврали соли 2015 дар пули Болшой Москворетский, чандсад метр дуртар аз Кремлин парронданд.
Парвандаи куштори Немтсовро додгоҳи низоми минтақавии Маскав баррасӣ мекунад. Панҷ нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Гурӯҳи тафтишот собиқ афсари Вазорати умури дохилии Чеченистон Руслан Муҳиддиновро фармоишгари куштор арзёбӣ мекунад.
Шарикони Немтсов ба зарурати бозпурсии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров пофишорӣ доранд.