Оҷонсии Ҷаҳонии Зидди Допинг аз эътирофи Путин истиқбол кард

WADA ё Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг аз эътирофи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, истиқбол кард, ки гуфтааст, сохтори допингии кишвараш кор намекунад ва ба санҷиш ниёз дорад. Владимир Путин рӯзи 1 март ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи омодагӣ ба Универсиада - 2019, шикасти сохтори зидди допингии Русияро эътироф ва даъват кард, ки ба изҳороти WADA ва гузориши комиссияи мустақил гӯш диҳанд.

"Иштибоҳ аз мо буд", - гуфт раиси ҷумҳури Русия.

Путин гуфт, дар варзиши Русия мавридҳои собитшудаи истифодаи допинг вуҷуд доранд, ки бояд эътироф шаванд, мавриди санҷиш қарор бигиранд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд. Бахши дувуми гузориши комиссияи махсус оид ба истифодаи допинг дар варзиши Русия, ки рӯзи 9 декабри соли гузашта пахш шуд, мегӯяд, ки наздик ба 1000 варзишгари Русия дар тақаллуби санҷишҳои допингӣ, ҳангоми Бозиҳои Олимпии соли 2014 дар Сочӣ даст доранд.