Мақомоти донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, як донишҷӯи ин донишгоҳ худкушӣ кардааст, ҳарчанд таҳқиқ дар ин замина идома дорад. Хоҷабӣ Каримова, ноиби ректори донишгоҳ оид ба тарбия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади дар банд овехтаи Ҷӯрабек Олимовро аз хобгоҳи донишгоҳ дар маҳаллаи Айнии Қӯрғонтеппа пайдо карда ва имрӯз ва волидонаш супурдаанд.
Ҷӯрабек Олимов, донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи кимиё ва сокини шаҳри Норак будааст ва ба гуфтаи омӯзгоронаш хуб таҳсил мекард. Пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва ҳанӯз шарҳе дар ин бора надодааст.
Моҳи гузашта Нафиса Абдуллоева, як донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи Давлатии Данғара худро аз ошёнаи 5-ум ба замин андохт ва ҳалок шуд. Мақомот то кунун сабаби худкушии донишҷӯро ба расонаҳо нагуфтаанд