Хабаранигорони чанде аз расонаҳои маъруфи Амрикоро ба брифинг ё нишасти маъмулии хабарӣ дар Кохи Сафед роҳ надоданд. Ба ин қатор хабарнигорони телевизиони CNN ва нашрияҳои The New York Times, Los Angeles Times, Politico, BuzzFeed ва The Daily Mail шомиланд.
Ба иттилои телевизиони CNN, дар ин нишасти матбуотӣ журналистони нашрияҳои муҳофизакори Breitbart News, The Washington Times ва One America News Network иштирок доштанд. Аммо хабарнигорони оҷонсии Associated Press ва маҷаллаи The Time ба унвони ҳамраъйӣ ин нишастро тарк кардаанд.
Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, то ҳол ин вазъро шарҳ надодааст. Ҳафтаи гузашта оқои Трамп телевизионҳои NBC, ABC, CBS, CNN ва нашрияи The New York Times-ро “душмани амрикоиҳо” номида ва аз он пештар чанде аз расонаҳоро барои паҳн кардани “ахбори дӯрӯғин” муттаҳам намуда буд.