Беш аз 130 дипломати Туркия бо оилаҳояшон аз Олмон паноҳгоҳ хостанд

Туркия - Шиносномаи хизматии Туркия

Беш аз 130 дипломати Туркия ва аъзои хонаводаашон ба думболи табаддулоти нокоми соли гузашта, аз Олмон паноҳгоҳи сиёсӣ хостанд. Дар ин бора хабаргузории France Press рӯзи 24 феврал гузориш дод.

Кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия шаби 16 июли 2016 сурат гирифт. Дар кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ шуд ва Конвенсияи ҳимояи ҳуқуқи инсон аз кор монд.

Аз рӯи парвандаи кӯшиши табаддулот беш аз 40 ҳазор нафар боздошт шуд. Нахустин мурофиаҳои додгоҳӣ аз рӯи ин парванда охири моҳи декабар сурат гирифт. Моҳи январи соли равон ҳукмҳои аввалин содир шуданд ва ду низомӣ ҳабси абад гирифт.