Бюрои федеролии таҳқиқоти Ийолоти Муттаҳида аз такзиби мақолаи New York Times, дар робита ба тамосҳои намояндагони Доналд Трамп бо хадамоти махсуси Русия канораҷӯӣ кард. Дар ин бора матбуоти Амрико хабар дод. Чанд рӯз пеш Райнс Прибус, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳур бо дархости радди ин хабарҳо ба Бюрои федеролии таҳқиқот муроҷиат карда буд.
Мақолаи New York Times аз 14 феврал, дар бораи робитаҳои намояндагони Трамп бо истихбороти Русия, дар заминаи тасдиқи манобеи маҳрамонаи Бюрои федеролии таҳқиқот таҳия шуд. Ба гуфтаи нашрия, истихбороти Амрико гуфтугӯи намояндагони ситоди Трампро бо мақомоти аршади истихбороти Русия ва мақомдорони дигари ин кишвар дастрас кардааст.
Хабаргузории Associated Press ва шабакаи телевизионии CNN хабар доданд, ки Прибус баъди он ки муфаттишон ҳақиқати мақолаи New York Times-ро зери суол бураданд, аз Бюрои федеролии таҳқиқот дархост кард, ки хабарро рад кунад.
19 феврал Райнс Прибус дар шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки дар посух ба дархости ӯ FBI маълумоти мақолаи New York Times-ро ғайри қобили эътимод хонд. Аммо Бюрои федеролии таҳқиқот аз пахши изҳороти расмӣ этимолан бинобар идомаи бозҷӯӣ даст кашидааст.