Созмони Афи Байналмилалӣ мегӯяд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2016 солҳо боз ба ин андоза бад набуд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон баъди омузиши авзо дар 159 давлат ба ин натиҷа расиданд, ки принсипҳои баробарӣ ба хатар рӯ ба рӯ ҳастанд. Гузориши солонаи созмон рӯзи 22 феврал пахш шуд.
Ин созмон дар робита ба Тоҷикистон низ хушбин нест ва мегӯяд, ки соли 2016 бо саркубии намояндагони мухолифин аз Ҳизби Наҳзати Ислом ва маҳдудтар шудани озодиҳои бе ин ҳам маҳдуд, дар хотир боқӣ мемонад.
Дабири кулли ин созмон Салил Шетти гуфт, ки ҷаҳон шоҳиди тафриқа дар ҷоемаҳо шуд ва қишрҳои заъфпазир, ба мисли паноҳандагон ба истилоҳ "барраи қурбонӣ" шуданд.
Ба сурати умум, муаллифони гузориш афзоиши сиёсати хашмгиниро дар саросари ҷаҳон шоҳид буданд. "Соли 2016 соле буд, ки дар он алфози бадбинона, мисли "мо ва онҳо", лафзи иттиҳом, нафрат ва ҳарос ба авҷе расид, ки аз соли 1930 намуна надошт, гуфт Салил Шетти Дабири кулли Афи Байналмилал.