Садорати Додгоҳи Олии Русия қарори аз зиндон озод кардани фаъоли мухолифин Илдар Дадинро содир кард. Додгоҳ қарор кард, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Дадин баст ва ҳақи ӯ барои пок шудан аз доғи судӣ эътироф шавад. Дар ин бора хабарнигорои бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 22 феврал, аз толори додгоҳ гузориш дод.
Ноиби додситони кулли Русия Леонид Коржинек гуфт, ки дар ҳаракатҳои Илдар Дадин аломати ҷиноят ошкор нашуд.
13 феврал вакили Дадин бо дархости озодии оҷили ӯ аз зиндон ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кард. Худи фаъоли мухолифин ҳоло дар зиндони водии Алтай аст. Дадинро ба ин зиндон дар ҳоле интиқол доданд, ки ба гуфтаи худаш дар маҳбаси Карелия мавриди шиканҷа қарор гирифт.
10 феврал Додгоҳи Қонуни асосии Русия аризаи шикоятии вакилони Дадинро дар бораи бознигарии парвандаи ӯ ва ворид кардани тағйирот дар қонуни ҷиноӣ, баррасӣ кард. Илдар Дадин бо иттиҳоми қонуншиканӣ дар ҷараёни гирдиҳамоиҳо ба муддати 2,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ банди қонунро дар мавриди "қонуншиканӣ дар ҷараёни намоиши эътирозӣ" дуруст шумурд, аммо гуфт, ки он ба коркард ниёз дорад.