Сироҷиддин Аслов – вазири умури хориҷии Тоҷикистон – дар номае ба унвонии ҳамтои русаш Сергей Лавров даргузашти намояндаи расмии Маскав дар Созмони Милали Муттаҳидро таслият гуфтааст.
Ин номаи Аслов рӯзи 21 феврал ирсол шуда, дар он аз ҷумла таъкид шудааст, ки "ҷониби Тоҷикистон бо ғаму андӯҳи зиёд хабари даргузашти бармаҳали Виталий Иванович Чуркинро дарёфт намуд." Дар номаи худ вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз солҳои зиёди ҳамкорӣ бо Виталий Чуркин ҳам ёдоварӣ карда ва ӯро "дипломати моҳир, пурталош ва ташаббускор" тавсиф намудааст.
Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал, рӯзи 20 феврал, як рӯз пеш аз 65-солагиаш дар шаҳри Ню-Йорк даргузашт. Вай соли 1974 Донишкадаи равобити байналмилалии Маскавро хатм карда, ҳамчун корманди шӯъбаи тарҷумаи Вазорати умури хориҷии СССР дар солҳои 1970 гуфтушунидҳо бо ИМА-ро тарҷумонӣ кардааст.
Чуркин аз соли 2006 ба ин сӯ намояндаи доимии Русия дар СММ ва Шӯрои Амният буд ва бо баҳсҳои тунду тезаш бо дипломатҳои ғарбӣ шинохта шудааст. Дар гузашта ба ҳайси сафири Русия дар Канада, Белгия ва НАТО кор кардааст.