Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои онки гӯё ҳангоми қабули меҳмонон ҳамсараш ба назди онҳо ҳозир шудааст, ӯро то мурдан латту кӯб кардааст. Масъулони Кумитаи тафтишоти Русия гуфтаанд, ки ҳодиса рӯзи 22 ноябри соли 2016 дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерово рух додааст ва ҳоло тафтиш анҷом шуда, қазия ба додгоҳ фиристода шуд. Ин қазия аз рӯи моддаи “куштор” баррасӣ мешавад. Светлана Киселева, муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими раёсати Кумитаи тафтишоти ин вилоят дар изҳороти матбуотии худ дар ин бора рӯзи 21 феврал гуфт, парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон аллакай барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Куйбишев ирсол шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар тафсилоти ин ҳодиса Киселева гуфт, он шом марди тоҷик бо рафиқонаш дар хона машрубот менӯшид ва вақте ҳамсараш – зани руси сокини Новокузнетск ба назди онҳо баромад, ин ҳодиса боис ба хашмаш шуд. Тафтишот муқаррар кардааст, ки баъди ин мард ба латту кӯби шадиди ҳамсар шурӯъ кард ва шоҳидони ин саҳна на танҳо рафиқон, балки ду тифли ноболиғашон ҳам буданд. Баъди ин латту кӯб ва беҳолу беҳуш шудани ҳамсар, дасту рӯи ӯро шуста занро ба ҷои хобаш бурдааст. Баъди муддате зан даргузашт. Ба қавли Киселева, мард нахуст ба раҳбари корхонааш телефонӣ хабар дода гуфтааст, ки ҳамсарашро куштааст, вале баъдан дар ҷараёни тафтишот аз ҳарфҳои худ даст кашид. "Баёноти ду кӯдаки ноболиғаш даст доштани мардро дар куштор собит кардааст", - гуфт Киселева.
Тафтишот муайян кардааст, ки ин марди тоҷик соли 2003 баъди ихроҷаш аз қаламрави Русия гӯё ба Тоҷикистон баргашта бо тағйири ному насаб бо ҳуҷҷатҳои нав қаламрави ин кишварро ғайриқонунӣ убур кардааст. Дар сурати исбот шудани гуноҳҳояш, ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафсилоти дигари ҳодиса, аз ҷумла, ҳуввият, машғулият ва мавқеи худи муттаҳам ба ин қазия феълан дар даст нест.
Аз рӯи иттилои соли 2015-и мақомоти тоҷик, дар зиндонҳои саросари Русия барои содир кардани ҷиноятҳои мухталиф 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Қисми зиёди ин ҷиноятҳо марбут ба қочоқи маводи мухаддир ҳастанд, вале дар миёни ин ҳодисаҳо ҷиноятҳои марбут ба куштор ҳам сабт шудаанд. Русия макони кору зиндагии беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик аст.