Ҳабси 11 узви ҲНИТ дар Исфара - барои фаъолиятҳои пинҳонӣ

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Наздикони 11 сокини шаҳри Исфара аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то ҳукми онҳоро бознигарӣ кунад. Ин дархости онҳо ду ҳафтаи қабл ирсол шудааст. 11 сокини шаҳри Исфара тобистони соли гузашта ба ҷурми узвият ва таблиғи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ аз 5 то 8 сол зиндонӣ гардидаанд.

Аммо наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ҳамагӣ як нафари онҳо дар гузашта узви ҲНИТ буда, баъд аз манъи фаъолияти ин ҳизб аз кораш даст кашидааст. Онҳо рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, зоҳиран дар баррасии қазияи наздиконашон нофаҳмӣ рух додааст ва мехоҳанд, Додгоҳи олӣ "мӯйро аз хамир ҷудо кунад". Дар гузашта додгоҳи вилояти Суғд ба дархости бознигарии ҳукми ин афрод ҷавоби рад додааст.

Фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ гардид. Додситонии кулл ин ҳизбро “ҳидоятгар ва тарҳрези ошӯб” ва Додгоҳи олӣ созмони террористӣ номид. Аммо раҳбарияти ин ҳизби мамнӯъ дар хориҷа борҳо ин иттиҳомотро рад кардаанд.