Поккории роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар як қисматаш тақрибан ним километр тарма рехтааст, идома дорад, вале маълум нест, ки кай ҳаракат дар ин роҳ иҷоза дода мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳалли фалокат рафтанд.
Мақомоти ширкати IRS мутасаддии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ мегӯянд, тарма дар масофаи 500 метр ва баландии 50 метр дар километри 48-уми роҳ рехтааст ва мошинҳои калонҳаҷм ба бартараф кардани барфи баланд машғуланд. Дар даромадгоҳи роҳи Душанбе-Чаноқ аз самти пойтахт қатори мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад, ки аз чанд рӯз ба ин сӯ интизори боз шудани роҳ ба шимоли кишвар ҳастанд.
Дар наздикии маркази пулчинии Ҳушёрии ширкати IRS, масъули роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ бо Эҳсон Тоҳиров вохӯрдем, ки дар километри 48-и ин ҷодда зери тарма ва дохили оби сард монда, вале тавонистааст, наҷот ёбад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 20 феврал гуфт, ки се рӯз қабл талош дошт аз Хуҷанд ба Душанбе бирасад ва ба хориҷ биравад, вале натавонист.
Дар километри 48 дохили кӯле афтодам.
“Медонистам, ки роҳ хатарнок аст, аммо билети парвоз ба Душанбе набуд. Ман дар ширкати хориҷӣ кор мекунам ва бояд барои дидор бо ҳамкорон озими Дубай мешудам. Аз минтақаи Майхура тасмим гирифтам пиёда аз маҳалли тармафароӣ гузарам. Аммо дар километри 48 дохили кӯле афтодам. Бо кӯмаки ҳамроҳам баъд аз ним соати дохили оби сард будан тавонистам худро берун оварам. Он лаҳза эҳсос мекардам, ки дастону почаҳояш аз сардӣ карахт мешуданд. Аммо ин лаҳза кормандони IRS ба кӯмаки мо расиданд ва моро наҷот доданд. «
Асомиддин Азизов, мудири кулли ширкати IRS дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки талош доранд, роҳро зудтар аз барф тоза кунанд. Дар посух ба ин савол, ки чаро бо вуҷуди ҳушдорҳои вазорати ҳолатҳои фавқуллода ҳаракат дар ин роҳ комилан манъ карда нашуд, ҷаноби Азизов гуфт:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
«Мо тавассути паёмак ва дар марказҳои пулгирии IRS ба ҳамаи мусофирон ҳушдор медиҳем, ки ҳаракат дар ин роҳ аз 28 январ ба ин тараф хатарнок аст. Аммо бо мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ҳаракат дар ин роҳро тибқи реҷаи дақиқ, яъне ба таври якҷониба роҳандозӣ кардем. Аммо ин офати табиӣ ногаҳонӣ буд ва зери ин тарма як ҳамкори мо бо техникаи ширкат зери қабатҳои барф монд ва то ҳол мо натавонистем ҷасади ӯро пайдо кунем."
Тибқи иттилои мутахассисони IRS барои тоза кардани ин қисмати роҳ аз тарма дастикам ду ё се рӯзи дигар зарур аст. Аммо, ба қавли онҳо, бо гарм шудани ҳаво хатари тармафароӣ дар ин роҳ зиёд мешавад.
Яке аз саволҳое, ки ин шабу рӯз дар зеҳни бисёриҳо мечархад, ин аст, ки чаро бо вуҷуди ҳушдорҳои пайдарҳами мақомот тавассути матбуот ва телевизион, сокинон боз ҳам аз роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ҳаракат кунанд.
Дар миёни онҳое, ки дар роҳ дармондаанд, модарон бо кӯдакони ширмакашон ҳам мушоҳида шудаанд. Ҳангоме, ки мо аз маҳалли офатзада дидан мекардем, Хушмаҳмад Сатторов, сокини 62-солаи ноҳияи Варзоб бо асо аз қисмати тармафаромада убур мекард.
«Ман аслан сокини шаҳри Душанбе мебошам ва чанд рӯз пеш ба хонаи хешовандонам ба деҳаи Зиддеҳ меҳмонӣ рафта будам. Чанд рӯ он ҷо будам ва хостам ба хонаи худ баргардам. Аммо роҳ баста аст ва ба ин хотир тасмим гирифтам пиёда аз маҳалли тармафароӣ гузарам» -гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Роҳи Душанбе-Чаноқ, аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон ба шумор меравад, чун пойтахти кишварро бо шимоли он мепайвандад. Сар аз 28-уми январ то кунун дар ин роҳ садҳо маротиба тарма рехтааст ва камаш 15 нафар ҷон додаанд. Қатъи иртиботи заминӣ дар зиндагии мардуми оддӣ таъсир гузошта, дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе афзоиши қиммати ғизо ва маводи сӯхт мушоҳида мешавад.