Ангела Меркел: "Биёед, ҷаҳонро ҷойи беҳтаре кунем"

Ангела Меркел

Ангела Меркел – садри аъзами Олмон – гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ бояд асли тамомияти арзиро ҳифз кунанд ва НАТО – Паймони Атлантикаи Шимолӣ – ба нерӯманд кардани самти шарқии худ ниёз дорад. Меркел рӯзи 18 феврал дар ҳамоиши амниятии Мюнхен гуфт, тамомияти арзӣ “пояи муҳими низоми пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум аст”.

Ӯ гуфт, вазъият дар шарқи Украина баъд аз даргирӣ миёни миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатӣ ва тасаруфи Қрим аз тарафи Русия, “изтироби бузург”-ро ба миён овард. Ба қавли садри аъзами Олмон, амалкардҳои Русия муҳимияти НАТО-ро барҷаста карда ва зарурати тақвият додани нерӯи он дар шарқи Аврупоро нишон додааст. Меркел гуфт, ӯ барои пайдо кардани роҳҳали сиёсӣ дар шарқи Украина тааҳҳуд кардааст ва аз созишномаи соли 2015 дар Минск ҳимоят мекунад. Ӯ гуфт, “мухолифи партофтани чизе ҳастам, ки мумкин аст судманд бошад.”

Вай, инчунин, хостори равобити хуб бо Русия шуд ва бовар дорад, ки мубориза бар зидди терроризм ба манфиати Ғарб ва Русия аст. Ангела Меркел гуфт, кишварҳои ғарбӣ барои пазируфтани муҳоҷирон ва ҳалли сабабҳои аслии рафтани мардум аз кишварҳояшон масъулият доранд. Ангела Меркел тамоми миллатҳоро барои ҳамдастӣ даъват кард ва гуфт, “биёед, бо ҳам ҷаҳонро ҷойи беҳтаре кунем”.