Тиллерсон: То даме ки Русия мухолифони Сурияро террорист медонад...

Рекс Тиллерсон

Рекс Тиллерсон – вазири умури хориҷии Амрико – гуфтааст, то даме ки Маскав мухолифони ҳукумати Сурияро «ҳамчун гурӯҳҳои террористӣ» мешиносад, ин кишвар барои ҳамкорӣ бо артиши Русия дар Сурия розӣ нахоҳад шуд. Ин мақоми аршади Амрико дар ин бора рӯзи 17 феврал зимни як ҷаласа бо ҳамтоёнаш аз Фаронса, Туркия ва Олмон дар шаҳри Бонн изҳори назар кардааст. Ӯ гуфтааст, маъмурияти Доналд Трамп талошҳои Созмони Милали Муттаҳидро барои эҷоди сулҳ дар Сурия аз тариқи музокирот, ки 23 феврал дар Женева аз сар гирифта мешавад, дастгирӣ мекунад.

Дипломатҳои ҳозир дар ин нишаст гуфтаанд, Тиллерсон таъкид кардааст, Маскав якҷоя бо ҳукумати Сурия гурӯҳҳои шӯриширо ҳамчун террорист мешиносанд, ки ин “ҳамкориҳои низомии Маскав ва Вашингтонро дучори мушкил мекунад”. Хабаргузории Ройтерс аз қавли як дипломат навишт, “Тиллерсон ба рӯшанӣ гуфт, ҳеч ҳамкории низомие дар миён нахоҳад буд, то даме ки Русия террорист набудани гурӯҳҳои мухолифро бипазирад.”

Жан-Марк Эйро, вазири умури хориҷии Фаронса, табодули назар бо Рекс Тиллерсонро муфид хондааст. “Мо аз ҳомиёни Русия даъват кардем, ки ба он фишор биёранд, то аз террорист шинохтани мухолифон даст кашад. Дар ғайри сурат дар Женева ҳеч гуфтугӯе нахоҳем дошт”, - афзуд ӯ.