Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои севумин бор ба ҳайси раиси ҷумҳури Туркманистон қасам ёд кард. Ин маросим рӯзи 17 феврал дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, баргузор шуд. Бердимуҳаммадови 59-сола рӯзи 12 феврал дар интихоботи президентӣ бо дарёфти беш аз 98 дар сади раъйи интихобкунандагон баранда эълон гардид. Бо ӯ барои дарёфти ин курсӣ ҳашт тани дигар рақобат доштанд.
Ҳарчанд Кумисюни марказии интихоботи Туркманистон гуфт, ки 97 дар сади афроди қобили раъй ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтанд, вале манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки теъдоди ками раъйдиҳандагон дар қитъаҳо мушоҳида шудаанд.
Нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, ки аз замони эълони истиқлоли Туркманистон дар соли 1991 ҳамаи интихоботҳо дар ин кишвар озоду одилона набудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад