Шаби 2 феврал дар Турсунзода чӣ гузашт? Ҷузъиёти қатли духтари 16-сола. ВИДЕО

Наздикони як духтари ноболиғ, ки дар шаҳри Турсунзода, 65-километрии Душанбе, аз тарафи ҳамсинфонаш кушта шудааст, аз мақомот талаби "ҷазои сазовор"-и қотилонро доранд. Фоҷиае, ки рӯзи 2 феврал рух додааст, танҳо бо гузашти беш аз ду ҳафта расонаӣ шуд. Тафтиши пешакӣ ошкор кардааст, ки духтари 16-сола дар шароити мармуз эҳтимол аз тарафи ҳамсинфонаш таҷовуз, бо дувоздаҳ зарби корд кушта ва баъдан ҷасадаш оташ зада шудааст. Ин ҳодиса мавриди нигаронии додситони кулли Тоҷикистон ҳам шудааст, ки қазияро рӯзи 16 феврал дар Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон – матраҳ кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷузъиёти қатли бераҳмонаи духтари 16-сола дар Турсунзода

Ҷасади сӯхтаро аз ҷамоати Сешанбе ёфтанд

Дар бораи ҳодисаи қатли бераҳмонаи ноболиғе дар Турсунзода нахуст Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси Миллии кишвар бо изҳори нигаронӣ гузориш дод

Ҷасади сӯхтаи духтар, ки бо далели ноболиғ будан танҳо аз ӯ М.И. ном бурда мешавад, баъд аз ду рӯзи нопадидшавӣ, рӯзи 4 феврали соли равон, дар ҳудуди ҷамоати Сешанбеи шаҳри Турсунзода, нӯҳ километр дуртар аз маҳалли зисташон дар замини киште пайдо шудааст. Аммо ҳодиса ба он хотир каме печида шудааст, ки замони пайдо шудани ҷасади духтар мақомоти тафтишотӣ ба наздиконаш гуфтаанд, "ӯ худкушӣ кардааст".

Низомиддин Исомиддинов, бобои духтар, рӯзи 18 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки наберааш рӯзи 2 феврал барои дидорбинии ӯву бибиаш омада буд. "Нисфи шаб буд, ки “барои панҷ дақиқа” аз хона хориҷ шуда, бо ҳамин нопадид шуд. Мо ду рӯз ҷустуҷӯ кардем. Вақте ҷасадро пайдо кардем, мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки духтар худкушӣ кардааст ва мо ӯро бурда ба хок супурдем. Гуфтем, шарманда шудем, аммо ба худкушии ӯ бовар надоштем. Мақомот боз омада пурсиданд, ки “чаро набераатон чунин кардааст?” - нақл кард ӯ.

"Розӣ бошед, қабрро мекушоем"

Низомиддин Исомиддинов

Исомиддинов гуфт, вақте онҳо ба хулосаи расмии тафтишоти маҳаллӣ дар бораи худкушӣ кардани набераашон бовар накарданд, ба Додситонии кулл муроҷиат намуданд. Ӯ гуфт, "аз Душанбе омада ва гуфтанд, ки “розӣ бошед, гӯрро мекушоем". Розӣ шудем, чун бовар надоштем, ки ӯ худкушӣ кардааст. Раҳмат ба ҳамон мутахассисон, ки сабаби марги фарзандамро пайдо карданд. Бароварданду ҷойҳои кордзадагиро ҳисоб карда ва гуфтанд, ӯ кушта шудааст."

Танҳо баъди дубора кандани гӯр ва дақиқ кардани сабаби марг ду тан аз гумонбарон дар марги ӯ боздошт шуданд. Вале мақомоти Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода ва додситонии ноҳия мегӯянд, ба хотири халал ворид нашудан ба идомаи тафтишот аз шарҳи расмии ин ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Пас аз адои синфи 9 ба мактаб намерафт

Омӯзгорони мактаби деҳаи Свердлов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин духтар то синфи 9 дар мактаб хонда, баъдан тарки таҳсил кардааст ва аз моҳи сентябри соли 2016 ба мактаб намерафт. Бобои ӯ Низомиддин Исомиддинов ҳам гуфт, ба хотири касбомӯзӣ набераашро аз мактаб гирифта, мехостанд ба омӯзиши дарздӯзӣ ҷалб кунанд.

Зоҳиран зиндагии ин хонавода миёнаҳолона аст. Дар ҳоле ки савол ва пурсишҳои ин қазия хеле зиёданд ва мақомоти Додситонии кулл тафтишро пеш мебаранд, сокинони шаҳри Турсунзода нороҳативу нигаронии худро аз фоҷиаи хонаводаи Низомиддин Исомиддинов пинҳон намекунанд. Талоши сӯҳбатҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ бо масъулони риштаи маориф, ҷамоати Сешанбе, ҳамсояву шиносҳои хонавода ошкор кард, ки ҳама аз ин ҳодиса хеле ғамгину афсурда шудаанд.

"Гумонбарон - ҳанӯз кӯдаканд"

Ҷӯрамурод Дӯстов, сокини ин ҷамоат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кушторе, ки эҳтимол аз ҷониби ду писари ноболиғ рух додааст, ваҳшонияту бераҳмии насли наврасро ба намоиш гузошт ва ин як аломати хеле нигаронкунанда аст. "Нигарон шудем, чунки гумонбарони қатл ҳанӯз кӯдаканд. Чӣ хел дар сари онҳо ин андеша омадааст, намедонам. Аммо дигар аз фарзандони худат нигаронӣ, ки кӯча мебарояд, чӣ кор мекунанд?", - гуфт ӯ.

Ҳикмат Қулов, сокини дигари ин ҷамоат гуфт, чунин ҳодисаҳо бинобар дуруст ба роҳ намондани ҳамкорӣ миёни ҷомеа, мактаб ва падару модар рух медиҳад. “Мактаб кори худашро мекунад, падару модар кори худашро ва ҷомеа бетараф аст. Инҳо бояд дар якҷоягӣ тарбияи дуруст ба роҳ монанд. Бовар дорам, аз чунин ҳодисаҳо пешгирӣ мешавад”, - афзуд ӯ.

"Таҷовуз карданд, куштанд ва сӯзонданд"

Юсуф Раҳмон ҳангоми ироаи гузориш дар Маҷлиси Миллӣ

Дар бораи ҳодисаи қатли бераҳмонаи ноболиғе дар Турсунзода нахуст Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси Миллии кишвар бо изҳори нигаронӣ гузориш дод ва гуфт, “ду хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Турсунзода ба номуси ҳамсинфи худ таҷовуз карда, баъдан ӯро ба қатл расондаанд.” Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ин ду хонандаи мактаб боздошт ва аз тарафи додситонӣ алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104 (куштор) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Дар моҳҳои охир мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои хушунатомез дар миёни насли наврас шадидан изҳори нигаронӣ мекунанд. Моҳи январ дар натиҷаи як задухӯрди гурӯҳи ҷавонон дар Душанбе ду ноболиғ аз дасти якдигар кушта шуданд. Дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе рӯзи 15 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз ҷинояткорӣ, беҳудагардӣ ва хушунати ноболиғон сӯҳбат кард ва гуфт, дар 5 соли охир қариб 14 ҳазор ноболиғ ба ҳангоми оворагардӣ дар хиёбонҳо ошкор шудаанд. Коршиносон мегӯянд, дар бисёр ҳолат шароити сангини хонаводаҳо маҷбур мекунад, ки кӯдакон аз таҳсил дур шаванд ва дар тарбияи кӯчаву хиёбонҳо монанд.