Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти қатли ду зан дар шаҳри Душанберо ошкор кард, ки тафтишот аз онҳо Шаҳноза Р. ва Фотима Б. ном мебарад. Мақомоти ин ниҳод 4 август бо нашри иттилоияи расмӣ гуфтанд, Шаҳноза Р. аз тарафи шавҳараш ва Фотима Б. аз сӯи се ҷавон кушта ва ҷасадашон ба қисмҳо ҷудо карда шудааст.
Муҳаммадризо Халифазода, масъули дафтари матуботи Додситонии кулли Тоҷикистон, гуфт, дар ибтидо гуруҳи тафтишотӣ ба ин фикр буданд ҳарду занро бо ин бераҳмӣ як нафар ва ё як гуруҳ анҷом додааст ва изи кори як нафар мебошад. "Зеро ҷасадҳо тавре тикка-тикка карда шудаанд, ки изи кори як нафарро нишон медод. Аммо тафтишоти ҳамаҷонибаи кормандони додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ошкор кард, ки ин ба якдигар иртибот надошта, кори дасти афроди алоҳида мебошад," - гуфт ӯ.
Зоҳиран Додситонии кулл хостааст, бо эълони ҷузъиёти қатли ин ду зан ба сарусадоҳо дар бораи куштори онҳо нуқта гузорад. Муҳаммадризо Халифазода низ гуфт, ошкор шудани ин ҳодиса ташвишу нигаронӣ ва ба гумонҳои мухталиф поён дода ва сабаби маишӣ доштааст. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ манобеи Озодӣ аз пайдо шудани ҷасади ду зан дар соҳили дарёи Душанбе хабар дода ва баъдан мақомоти сардхонаи "Медгородок" гуфта буданд, ки ҳуввияти онҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, ки Додситонии кулл нашр кард, қисмҳои ҷасади Шаҳноза Р. рӯзҳои 21 ва 24 июл аз соҳили дарёи Душанбе, дар шафати кӯчаи Мушфиқӣ ва шафати кӯчаи Ҳосилот пайдо шудааст. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ҳоло шавҳари ӯ Бахтиёр А. ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш дар боздошт қарор дорад.
"Куштори Шаҳноза Р. аз тарафи шавҳараш Бахтиёр А., соли таваллудаш 1978 дар заминаи рашк содир шуда, номбурда бо мақсади пинҳон кардани изи ҷиноят ҷасади ҳамсарашро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарё партофтааст," - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулл.
Бар асоси ин иттилоия, гӯё Бахтиёр А. дар бозпурсӣ ба гуноҳаш иқрор карда, ҳамзамон ҳангоми азназаргузаронӣ дар манзили зисти онҳо пайи хун дар девор ва либосҳои ҷабрдида" муайян карда шудааст. Инчунин, дар сӯҳбат бо муфаттишон модар ва дугонаи Шаҳноза Р. тасдиқ кардаанд, ки миёни ин зану шавҳар пайваста муноқиша ҷараён дошт.
Додситонии кулл мегӯяд, ҷасади як зани дигар рӯзи 29 июл аз соҳили дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Соҳилӣ дар дохили халта ёфт шуда, ҷасади ӯ низ ба қисмҳо ҷудо карда шудааст.
Мақомоти Додситонии кулл мегӯянд, "дар натиҷаи гузарондани корҳои тафтишотӣ-фаврӣ муайян шуд, ки ин зани мақтул сокини ноҳияи Рӯдакӣ Фотима Б. соли таваллудаш 1993 буда, номбурда вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе дар хобгоҳи умумӣ дар ҳуҷраи хоҳараш зиндагӣ мекардааст."
Ба иттилои манбаъ, "ҳамзамон муайян карда шуд, ки Фотима бо се ҷавон Дарвеш А., Нуриддин А., ва Исматулло М., шинос шуда, таклифи онҳоро оид ба ҳамхобагӣ қабул ва ҳамроҳашон ба манзили истиқоматии онҳо омадааст. Дар ин ҷо байни онҳо муноқиша сар зада, дар рафти он шахсони номбурда Фотимаро тавассути бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонида, рӯзи дигар ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо ва ба дарёи Душанбе партофтаанд.”
Рӯзи 1 август манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодӣ хабар доданд, ки маъмурони пулис ва Додситонии кулли Тоҷикистон се нафарро ба гумони қатли ду зани тоҷик дар Душанбе боздошт кардаанд. Як манбаи дигар дар сохторҳои тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар баёноти пешакии худ гумонбарон гуфтаанд, ин кушторро зери таъсири маводи мухаддир содир кардаанд.
Манбаи Радиои Озодӣ гуфта буд, гумонбарҳо гуфтаанд, бо Фотима Б. дар чойхонаи “Истаравшан” дар шаҳри Душанбе шинос шудаанд. Он зан гуфтааст, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Душанбе омадааст. Яке аз боздоштшудаҳо ба ин ҷавондухтар гуфтааст, барояш дар як ошхона метавонад, кор пайдо кунад.
Баъдан, ба иқрори боздоштшудаҳо ин ҷавондухтарро ҳамроҳ ба ҷои хилват бурда, таҷовуз мекунанд. Чун духтар таҳдиди шикоят ба пулис мекунад, онҳо аз тарси ифшои ҷинояти қаблан содиркардаашон ӯро кушта пора мекунанд ва ҷасадашро ба дарё меандозанд.