Эрон барои интиқоли транзити пахта ва алюминиуми Тоҷикистон аз роҳи Бандар Аббос 26 дарсад тахфиф хоҳад кард. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин иқдоми идораи “Роҳи оҳан”-и Эронро як қадами муҳим дар амри ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан ва тиҷорат, хадамоти гумрукӣ барои транзити маҳсулоти стратегии Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Шералӣ Ганҷалзода, муовин вазири нақлиёти Тоҷикистон рузи 17 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Бандар Аббос наздиктарни бандари барои Тоҷикистон аст ва аз нигоҳи тиҷорату иқтисодиёт барои Тоҷикистон аҳамият дорад.
Муҳаммадҳодӣ Зиёимеҳр, мудири кулли “Роҳи оҳан”-и Хуросони Эрон дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Машҳад рӯзи панҷшанбеи 16 феврал изҳор доштааст, ки алюминиум ва пахта, ки ду маҳсули стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд ва аз роҳи Бандар-Аббоси Эрон тариқи транзит интиқол меёбанд, 26 дар сад тахфиф хоҳад шуд. Тавре расонаҳои эронӣ навиштанд, он кишвар барои транзити ин ду маҳсули Тоҷикистон 26 дарсад тахфифи транзитӣ роҳандозӣ хоҳад кард.
Раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати Хуросон Розия Алиризоӣ дар ин нишасти сеҷониба гуфт, Эрон бар асоси сиёсатҳои иқтисоди зарур медонад, ки содиротро ба Тоҷикистон ва Туркманистон афзоиш диҳад. Дар ин нишаст аз миён бурдани монеаҳои гумрукӣ ва фаъол кардани ҳамоҳангиҳои мақомоти миёни кишварҳоро барои содатар намудани мубодилоти иқтисодӣ ва масоили дигари ҳамкориҳои иқтисодии Эрон, Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ шудааст.