Ҳайати Бунёди байнулмилалии асъор (IMF), ки аз 9 то 15 феврал ба Қирғизистон сафар дошт, ҳукумати ин кишварро ҳушдор додааст, ки ба фишорҳои зиёд кардани харҷи интихоботи ояндаи президентӣ тан надиҳад.
IMF ба он ишора мекунад, ки Қирғизистон ба сахтӣ тавонист, касри буҷаро дар сатҳи 4,5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дорад. Барои ин зарур омад, харҷи риштаҳои дуюмдараҷа маҳдуд карда шавад. Ва ин дар ҳолест, ки ҷамъоварии андоз ба кундӣ пеш меравад. Ҳоло ба кишвар зарур аст, ки касри буҷаро то 3 дарсад поин орад.
Ба гуфтаи раҳбари ҳайати IMF Эдвард Ҷамол, муҳим аст, ки таносуби тарҳрезишудаи харҷу дахл нигоҳ дошта шавад ва ҳамзамон нақшаи озод кардани нархи орд аз арзиши изофашуда бекор, музди кор дар бахши давлатӣ ва харҷи молу хадамот мутаносиб гардад.
“Коркарди қоидаи боварбахш ва шаффофи буҷа ба таҳкими интизоми молиявӣ ёрӣ хоҳад дод,” – гуфт Ҷамол.
Раҳбари ҳайати IMF таъкид кард, ки дар пасманзари коҳиши фишори иқтисодии беруна нишондиҳандаҳои иқтисодии Қирғизистон беҳтар шуданд, вале суръати эҳё ҳамоно паст боқӣ мондааст.