Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, ки Русия омодааст равобиташро бо Пентагон беҳтар кунад, аммо аз муколама бо истифода аз зургӯӣ ҳушдор дод. "Мо омодаем ҳамкориро бо Пентагон аз сар бигирем, аммо роҳандозии муколама бо Русия аз мавқеи зургӯӣ кори беҳуда мебуд", - навиштаанд хабаргузориҳои Русия аз қавли Шойгу.
Изҳороти Шойгу дар посух ба суханони Ҷеймс Маттис, раҳбари Пентагон пахш шуд, ки рӯзи 15 феврал дар Брюссел ба зарурати сахтгирӣ дар баробари Русия таъкид кард. "Мо чун пештара барои эҳтимоли азсаргирии равобит бо Маскав боз ҳастем, аммо ҳамзамон дар интизороти худ воқеъбин мебошем ва аз дипломатҳои худ дархост мекунем, ки дар гуфтушунид аз қотеият кор бигиранд", - гуфт Маттис дар дар мулоқоти вазирони дифои НАТО дар Брюссел.
Шойгу гуфт, ки дар робита ба мавқеи Пентагон дар баробари Русия шарҳу тавзеҳро интизор аст. Изҳороти Шойгу рӯзи 16 феврал, чанд соат пеш аз оғози мулоқоти Генерал Ҷо Донфорд ва раҳбари ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар Озарбойҷон, пахш шуд. Ин нахустин мулоқоти низомиёни баландпояи ду кишвар баъди интихоби Доналд Трамп ба мақоми раиси ҷумҳури ИМА аст.