FIDH: Парвандаи Аскаров ришханде ба адолати додгоҳист

Мудири барномаҳои Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Юлия Уанен бознигарии ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаровро дар додгоҳи Қирғизистон на талош ба адолат, балки "намоиш" унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар додгоҳи вилояти Чуй чунин вонамуд карданд, ки парвандаи Аскаровро бознигарӣ мекунанд. Ин ҷавобгӯи меъёрҳои додгоҳи одил нест ва ҳамчунин зидди қарори Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон аст, ки озодии ҳомии ҳуқуқро хоста буд.

Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки дар Париж марказ дорад, пеш аз сафари президент Алмосбек Отамбоев ба Белгия ва Олмон як гузориши 16-сафҳагӣ ба нашр расонд. Дар он гуфта мешавад, ки додгоҳи вилояти Чуй сухани шоҳидонро шунидан нахост, шикрати озодро дар толори додгоҳ маҳдуд намуд ва ҳамчунин далелҳои шиканҷаи шудани маҳбусро тафтиш накард. Инчунин ҳаққи Аскаров ба муҳокимаи одилона муроот нашуд.

Азимҷон Аскаров бо айбномаи ташкили бетартибиҳо ва даст доштан дар куштори корманди пулис дар ҷараёни даргирии байниқавмии қирғизҳо ва ӯзбектаборон дар моҳи июни соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон ба озод кардани ин ҳомии ҳуқуқ даъват кард.

Додгоҳи вилояти Чуй парвандаро бознигарӣ карда, 24 январи соли 2017 эълом дошт, ки ҳукми ҳабси абад бетағйир хоҳад монд.