Фиристодаи махсуси СММ Стаффан де Мистура дар гуфтугӯи сулҳи Сурия, ки дар шаҳри Остона оғоз шуд, иштирок намекунад. Сухангӯи ӯ Яра Шариф гуфт, ба ҷои Стаффан де Мистура ба Қазоқистон як гуруҳи панҷнафарӣ хоҳанд рафт.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова, Стаффан де Мистура 16 феврал барои дидор ва гуфтугӯ бо раҳбари ин ниҳод Сергей Лавров ба Москва меравад.
Имрӯз дар Остона дидорҳои дуҷониба дар бораи Сурия ва ҷаласаи умумӣ бо иштироки тамоми ҳайатҳо баргузор хоҳад шуд. Мухолифони Сурия рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд, ки мехоҳанд, бо ҳукумати кишварашон дар бораи раванди гузариши сиёсӣ гуфтугӯи мустақим анҷом диҳанд.
Раҳбари эътилофи мухолифони Сурия - Кумитаи олии музокирот Салим ал-Муслит дар суҳбат бо Rеuters гуфт, онҳо ҳамоно исрор доранд, ки президент Башор Асад бояд аз қудрат канор равад. Ба гуфтаи ӯ, машваратҳо бо Димишқ дар доираи гуфтушунидҳои осоиштаи байнисуриягӣ, ки 20 феврал дар Женева баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.