Чаро Рогозин сафараш ба Теҳронро лағв кард?

Расонаҳои русӣ аз лағви сафари муовини нахуствазири Русия ба Теҳрон "ба хотири ифшои маълумоти ин сафар" аз сӯи Эрон, хабар медиҳанд. Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи сешанбеи 14 ферал ба нақл аз рӯзномаи "Коммерсант" навишт, ки Дмитрий Рогозин, муовини нахустазири Русия, барномаи сафари худ ба Эронро лағв карда ва сабаби онро "масъалаи фаннӣ" гуфтааст. Дмитрий Рогозин сарпарасти бахши дифоӣ дар ҳукумати Русия аст.

Ин рӯзнома аз қавли манбаъҳои худ дар ҳукумати Русия навиштааст, ки "сабаби лағви ин сафар ин аст, ки Эрон маълумотеро дар бораи сафари дар пешистода ифшо карда ва ин дар ҳоле аст, ки Маскав интизор дошт ин сафар маҳрамона бимонад". Ба навишта ин рӯзнома, Дмитрий Рогозин, қарор буд рӯзи 13 феврал ба Теҳрон сафар карда бо Ҳусайн Деҳқон, вазири дифоъ ва ҳамчунин мақомоти дигари Эрон дидор кунад. Бинобар ин гузориш, тарафҳо қарор буд дар ин дидорҳо, дар мавриди "масъалаҳои нисбатан ҳассосе" мубодилаи афкор кунанд.

Бинобар гузоришҳо, қарор буд ҷонибҳо дар ин дидорҳо, дар мавриди "масъалаҳои нисбатан ҳассосе", мубодилаи афкор кунанд.

Дар ин бора "як манбаи ҳукуматии рус" ба ин рӯзнома гуфтааст, ки дар ин сафар "қарор буд баҳсҳои печидае дар мавриди сабабҳои рӯй овардани шарикони эронии мо ба хариди ҳавопаймоҳо аз кишварҳои ғарбӣ, анҷом шавад". Ин манбаъ афзудааст, ки "мо пуштибонии бузурге аз Теҳрон кардаем. Бо вуҷуди ин, онҳо дар ҳоли таҳияи сахтафзор аз он кишварҳое ҳастанд, ки аз тариқи таҳрим даст ба таҳқири Эрон мезаданд.

Хабаргузории ҳукуматии Эрон --ИРНА рӯзи якшанбе аз қавли Маҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Маскав хабар дода буд, ки Игор Шувалов, муовини авали нахуствазир, Дмитрий Рогозин, мувоини нахуствазир, Александр Новак, вазири энержии Русия қарор аст ба зудӣ ба Теҳрон сафар кунанд. Ба навиштаи рӯзномаи "Коммерсант", сафари Шувалов ва Новак лағв нашуда ва дидори онҳо бо мақомоти эронӣ дар Теҳрон дар назар аст. Эрон ва Русия ба вижа дар қазияи Сурия бо якдигар ҳамкории низомӣ доранд ва Теҳрон ҳамчунин аз Маскав як дастгоҳи пешрафтаи мушакӣ дарёфт кардаст.

Масъалаи интиқоди тарафҳои эронӣ ва русӣ аз "ифшои маълумот" пеш аз ин низ рух дода буд ва дар ҳамин бора чанд моҳ пеш Ҳусейн Деҳқон, вазири дифои Эрон дар як барномаи телевизионӣ аз "эълом"-и ҳузури ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Русия дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар Ҳамадон интиқод кард ва гуфт, ки Русия дар ин маврид "бемаърифатӣ" кардааст.