Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия: "Дахолате дар интихоботи Эрон надорем"


Сафири Русия дар Теҳрон бидуни ишора ба ҷузъиёти гузоришҳо дар бораи дахолати ин кишвар дар интихоботи президентии соли 2017 дар Эрон, онро рад карда ва гуфтааст, ки ҳар касе дар Эрон раиси ҷумҳур шавад, робитаҳои хубе бо Маскав хоҳад дошт. Интихоботи президентии Эрон тобистони солӣ ҷорӣ баргузор мешавад.

Леван Ҷагарян рӯзи якшанбеи 12 январ дар гуфтугӯ бо хабаргузории эронии ИЛНА гуфтааст, ки "чанд ҳафта пеш яке аз хабаргузориҳо ... Русияро муттаҳам ба дахолат дар умури дохилии Эрон ва ба тарафдорӣ аз яке аз номзадҳои интихоботи президентии соли 2017 кардааст."

Вай афзудааст, ки "онҳо мехостанд ҳамонанди амрикоиҳо, ки мегӯянд Русия дар интихоботи соли 2016 дахолат кардааст, бигӯянд, ки русҳо дар интихоботи ояндаи Эрон ҳам дахолат мекунад. Бинобар ҳамин, ба унвони сафири Русия дар Эрон ин масъаларо комилан радд мекунам."

Сафири Русия дар Теҳрон мегӯяд, ки ҳар касе дар Эрон раиси ҷумҳур шавад, робитаҳои хубе бо Маскав хоҳад дошт.

Вай аз интихоботи қаблии раёсати ҷумҳури Эрон ёдоварӣ карда ва гуфтааст, ки кишвараш ба ҳеҷ яке аз номзадҳо бартарӣ намедиҳад. Ӯ таъкид кардааст, ки Эрон дар сиёсати хориҷии Русия ҷойгоҳи вижа дорад ва ҳар шахсе, ки раиси ҷумҳури Эрон шавад, бо Русия робитаҳои хубе хоҳад дошт.

Ҳарчанд сафири Русия дар ин гуфтугӯ ба ҷузъиёти бештар дар бораи гузориши нашршуда дар бораи дахолати Русия дар интихоботи Эрон ишора накардааст, аммо ин изҳорот мумкин бо ёддошти як таҳлилгари рус рабт дошта бошад, ки ҳудуди ду моҳ пеш дар бархе аз расонаҳо нашр шуда буд.

Ёддоште дар вебсайти "Монитор" ба қалами Юрий Сушников, таҳлилгари рус, дар расонаҳои Эрон бозтоби гуфстурда ёфта буд. Ин нависанда дар ёддошти худ эълом карда буд, ки ба қудрат расидани шахсияте аз усулгароҳо дар интихоботи президентии соли 2017 дар Эрон, монанди Изаттулоҳ Зарғомӣ, Муҳаммадбоқир Қолифбоф, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Муҳаммадризо Боҳунар, Аҳмад Таваккулӣ, Комрон Боқири Лангаронӣ, Парвиз Фаттоҳ ва Саид Ҷалилӣ, мумкин аст ба нафъи Русия бошад.

Русия ба дахолат дар интихоботи президентии Амрико ва пуштибонӣ аз Трамп муттаҳам мешавад.
Русия ба дахолат дар интихоботи президентии Амрико ва пуштибонӣ аз Трамп муттаҳам мешавад.

Дар моҳҳои ахир бархе аз мақомоти амрикоӣ Русияро ба дахолат дар интихоботи президентии соли 2016 дар он кишвар ва пуштибонӣ аз Доналд Трамп, муттаҳам карда буданд. Бар асоси гузоришҳои созмонҳои истихборотии Амрико дар оғози соли ҷорӣ, Владимир Путин -- раиси ҷумҳури Русия шахсан дастури ҳамлаҳои кибернетикӣ ба ҳадафи тахриби фаъолиятҳои интихоботии Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳо дар интихоботи президентиро содир кардааст.

Чунин гузоришҳо сабаб шуд, Кумитаи амнияти Сенати Амрико таҳқиқотеро дар мавриди эҳтимоли мудохилаи Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар дастури кори худ қарор бидиҳад. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия чанд рӯз пеш гуфт, ки гузоришҳо дар мавриди дахолати Русия дар интихоботи Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ, "афсонабофӣ" аст.

XS
SM
MD
LG