Роҳ ба сӯи Хуҷанд боз шуд. Дар Нуробод аз сангрезӣ 1 кас ҷон дод

Avalanche closed one of key highways in Tajikistan

Ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ азсар гирифта шуд. Далери Абдулло, сухангӯи ин ширкат рӯзи 15 феврал ба Радиои Озоди хабар дод, ки лаҳзае пеш ҳаракати нақлиёт дар ҳар ду самт азсар гирифта шуда. Аммо ҷаноби Абдулло гуфт, "дар ин роҳ ҳамчунон хатари тармафароӣ зиёд аст ва ба ин далел ширкат аз ҳамаи ронандаҳо хоҳиш мекунад, ки бидуни зарурати сахт аз сафар дар ин масир худдорӣ кунанд". Ин ҷода аз зуҳри рӯзи 14 феврал барои ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ба далели тармафароиҳои шадид баста шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи сангрезӣ дар мавзеи Кабудҷари ноҳияи Нуробод дар масири Ваҳдат-Рашт-Лахш як сокини 27-солаи ноҳияи Ҳисор ҷон бохтааст. Ба иттилои ин манбаъ, ин ҳодиса 13-уми феврали соли 2017, тахминан соати 14.30-дақиқа ҳангоме рух додааст, ки мошини тамғаи «Шакман» зери идораи марди 43-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳаракат мекард. Дар километри 89-уми ин шоҳроҳ аз кӯҳ сангпораҳо ба қисмати болои кабинаи автомашина бархӯрдаанд. Дар натиҷа, мусофири ин мошин, марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол шудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ду ҳафтаи охир тибқи иттилои расмӣ ин 13-умин қурбонии тармафароӣ ва сангрезиҳо дар роҳҳои кишвар аст ва бештаре аз фавтидаҳо дар пайи тармафароиҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҷони худро аз даст додаанд.