Дабири кулли НАТО муколама бо Русияро аз эҳтимол дур намедонад

ИМА - Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳангоми сӯҳбат дар нишасти матбуотӣ. Вашингтон, 25 марти соли 2015.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 14 феврал гуфт, ки афзун шудани хароҷоти дифоии кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ, эҳтимоли муколамаи сиёсӣ бо Русияро лағв намекунад.

Ба гуфтаи Столтенберг, соли гузашта НАТО хароҷоти мудофиавиро бештар кард. Аз ҷумла, кишварҳои аврупоии узви НАТО ва Канада буҷаи низомиро дар муқоиса бо ду соли пеш 10 миллиард бештар карданд. Ба гуфтаи Столтенберг, ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014, беэътидолии сиёсӣ дар кишварҳои ҳаммарз бо Аврупо ва афзоиши терроризми исломӣ хароҷотро бештар карданд.

Ба гуфтаи Reuters, ҳафтаи равон дабири кулли НАТО бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот мекунад. Ин мулоқот дар ҳошияи конфронси Мюнхен, дар бораи амният барномарезӣ шудааст. Столтенберг ваъда кард, ки ӯ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, "вазъи Украина, ҳамчунин афзоиши пешгӯишаванда ва шаффоф будани равобити НАТО бо Русияро" матраҳ мекунад.