Рустами Эмомалӣ гузориш медиҳад

Рустами Эмомалӣ, шардори Душанбе

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, рӯзи 14 феврал бо тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "фардо мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе дар толори Кохи Борбад баргузор мешавад". Усмонзода аз шарҳи бештари ин хабар худдорӣ кард, вале як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар ин мулоқот ҳамчунин аъзои ҳукумат, раҳбарони ду палатаи порлумон ва намояндагони аҳли ҷомеачигии шаҳри Душанбе низ даъват шудаанд.

Абдумаҷид Усмонзода

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот, Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъини шаҳри Душанбе дар бораи вазъи корҳои анҷомшуда дар пойтахт гузориш хоҳад дод. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот дар назди масъулони ҳукумат ҷиҳати рафъи камбудҳо дар пойтахти кишвар дастуру вазифаҳои нав бигузорад.

Бахши ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати Душанбе ҳам муваззаф шудааст, ки ҳар сол то 31 декабр аз натиҷаи чорабиниҳо ба Додситонии кулл гузориш диҳад.

Барномаи мубориза бо терроризм

Рустами Эмомалӣ – писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон – як моҳ пеш ба мақоми раиси шаҳри Душанбе таъин шуд ва дар ин вазифа Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-соларо иваз кард. Ӯ дар як моҳи гузашта барномаи чорабиниҳо барои татбиқи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар солҳои 2017-2020" дар пойтахтро тасдиқ намуда ва танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳоро дар миён гузоштааст.

Қарор дар бораи тасдиқи барномаи чорабиниҳои зидди терроризму ифротгароӣ охири моҳи январи имсол содир шуд ва бар асоси он муовинони раиси Душанбе, раисони чор ноҳия ва раҳбарони идораи амнияту умури дохилии пойтахт муваззаф гардиданд, ки барои иҷрои ин нақша тадбири зарурӣ андешанд. Бахши ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати Душанбе ҳам муваззаф шудааст, ки ҳар сол то 31 декабр аз натиҷаи чорабиниҳо ба Додситонии кулл гузориш диҳад.

Душанбеи бидуни "Газел"?

Танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе, ки аз мушкили чанд соли охири пойтахт аст, аз тарафи шаҳрдори нав бо лағви ҳаракати мусофирбарҳои хурд дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт оғоз ёфт. Ҳарчанд мақомот гуфтанд, ин тасмим ба нафъи сокинон анҷом шудааст, вале бархе аз коргарону донишҷӯён шикоят карданд, ки роҳи онҳо тавассути автобусу троллейбусҳо "тӯлонӣ шудааст".

Худи Рустами Эмомалӣ ҳам рӯзи 28 январ аз корхонаи “Троллейбус”-и пойтахт дидан карда ва кори ин навъи мусофирбарҳоро “чандон ҷавобгӯи талабот” надонист ва хост, ки “ин навъи мусофирбарҳо дар пойтахт то соати 11-и шаб кор кунанд”.

Нақшаи нави генералии пойтахт

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Дар як моҳи гузашта нақшаи нави генералии пойтахт ва омодагии ҷиддӣ барои таҷлил аз Наврӯзи имсола ҳам эълон шуд. Дар ин давра мудири телевизиони пойтахт ҳам иваз гардид ва дар шаҳрдорӣ бахши иттилооту таҳлил таъсис ёфт. Ахиран шаҳрдории нав гӯё манъи пӯшидани калӯш дар кӯчаҳои пойтахтро ҳам рад кард ва гуфт, ки чунин фармон ё дастуре мавриди иҷро нест.

Рустами Эмомалӣ пеш аз онки ба шаҳрдории Душанбе биёяд, ба ҳайси раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва аз он пештар ба ҳайси раиси Хадамоти гумрук кор кардааст. Дар ҳоле ки таъини Рустами Эмомалӣ интиқоди мухолифонро дар бораи афзоиши хешутаборчигӣ дар ҳукумат бештар кард, вале мақомоти давлатӣ таъини ӯро қонунӣ донистанд.

Ду рӯзи дигар то иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ

Ҷумъа Давлатзода

Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хизмати давлатии Тоҷикистон, дар оғози моҳи феврал бо ҳимоят аз таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе, гуфт, зимни қабули ин қарор тамоми муқаррароти қонун риоят шудааст. Вай афзуд, “рӯзҳои нахустини фаъолияти Рустами Эмомалӣ собит карданд, ки вай аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебарояд. Дар мавриди фаъолияташ дар вазифаи директори Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод низ камбудие сурат нагирифтааст.”

Тайи беш аз 20 соли охир раёсати ҳукумати Душанберо Маҳмадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дошт. Вай дар моҳи январи имсол ғайриинтизор барканор шуд ва феълан раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ва аз рӯи қонун нафари дувум дар кишвар аст. Маҷлиси Миллӣ рӯзи 16 феврал иҷлосия дорад ва бисёриҳо мегӯянд, ки эҳтимол ин иҷлосияи сарнавиштсоз барои Убайдуллоев бошад.