Порлумони Руминия рӯзи 13 феврал қарор кард, ки дар заминаи пуштибонии давлатӣ алайҳи фасод, реферундум баргузор кунад.
Аммо ин қарор ба тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дар Бухарест, ки 14 рӯз боз ҷараён дорад, хотима надод.
Ҳамаи 310 намояндаи мардумӣ дар порлумон ба пуштибонии тарҳи реферундум, ки президент Клаус пешниҳод кардааст, райъ доданд.
Маълум нест, ки дар назархоҳии умумӣ кадом савол ба овоздиҳандаҳо пешниҳод мешавад. Аммо ҳоло реферундум ягона роҳи пуштибонӣ аз таҳкими мубориза бо фасод арзёбӣ мешавад.
Аз замони суқути коммунизм Руминия бори аввал шоҳиди бузургтарин намоишҳои эътирозӣ шудааст, ки онро ҳукумати чапгаро бо нарм кардани қонуни зидди фасод ба вуҷуд овард.
Нахуствазир Сорин Гриндяну қонуни нарми зидди фасодро лағв кард, аммо тазоҳурот идома ёфт ва эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб доранд.
Бегоҳи 13 феврал, сарфи назар аз сардии ҳаво, садҳо нафар бо нидоҳои "истеъфо" дар назди биноҳи ҳукумат ҷамъ омаданд.
Намоишҳои густардаи зидди ҳукуматӣ охири ҳафта дар пойтахт Бухарест ва шаҳрҳои бузурги Руминия баргузор шуданд.