Ду қонунгузори аршади ҷонибдори Кремлин аз Майкл Флин, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, ки ба думболи пахши хабарҳо аз тамосаш бо сафири Русия дар Вашингтон истеъфо дод, ҳимоят карданд.
Флин бегоҳи 13 феврал, дар заминаи ба гуфтаи худаш "маълумоти нокомил" дар бораи гуфтугӯҳои телефонияш бо сафири Русия дар Вашингтон, Сергей Кисляк дар моҳи декабр, истеъфо дод.
Константин Косачев, раҳбари кумитаи равобити байналмилалии палатаи болоии порлумони Русия, дар Фейсбук навишт, ки барои тамос бо Русия аз мақом рондани мушовири амнияти миллӣ "на танҳо паранойя, балки чизи бадтар аз он аст."
"Ё Трамп ба мустақилият даст наёфтааст ва ӯро дар кунҷе ҷо кардаанд... ё "Русофобия" ё русбадбинӣ ба маъмурияти нав, аз боло то поён низ таъсир кардааст",- гуфт РИА Новости аз қавли Косачев.
Алексей Пушков, раиси Кумитаи равобити байналмилалии палатаи поёнии порлумони Русия ба думболи пахши хабари истеъфои мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар Твиттер навишт, ки "ҳадаф Флин набуд, ин равобит бо Русия буд, ки ҳадаф қарор гирифт."