Давлаталӣ Назризода консули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург шуд

Давлаталӣ Назризода (Давлат Назриев) консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петребурги Русия таъин шуд. Вафо Ниятбеков, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Давлат Назриев дар шаҳри Санкт-Петребург ва Шамсиддин Зардӣ дар шаҳри Новосибирск дар мақомҳои консули генералӣ кор хоҳанд кард. Ба гуфтаи Ниятбеков ин ниҳодҳои дипломатӣ дар ду шаҳри умдаи Русия аввали соли ҷорӣ ташкил шуданд ва Давлат Нарзиев ва Шамсиддин Зардӣ дар мақомҳои худ корро шурӯъ кардаанд. Вай гуфт, ин намояндагиҳо дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирск соҳиби бино ва дигар лавозимоти зарурӣ хоҳанд шуд ва барои ҳамватанони мо расман хидмат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ Тоҷикистон чор консулгарии генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа ва Екатеринбург дорад.