Эрдуғон: артиши Туркия маркази Ал-Боби Сурияро ишғол кард

Туркия - Раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон. 21 ноябри соли 2016

Артиши Туркия ва ҳампаймонҳои он маркази шаҳри Ал-Бобро дар Сурия, ки зери назорати гурӯҳи ваҳшатафкани «Давлати исломӣ» буд, ишғол карданд. Дар ин бора президенти Туркия, Раҷаб Эрдуғон паём дод.

Ба гуфтаи раҳбари Туркия, Ал-Боб аз чаҳор тараф мусоҳира шудааст ва ҷангиёни "Давлати исломӣ" онро тарк мекунанд. Вай таъкид кард, ки ишғоли комили шаҳр фурсати камеро хоҳад хост.

Хабаргузории туркии Anadolu мегӯяд, ҳарбиёни Туркия нақбҳои зеризаминиро, ки аз тарафи ҷиҳодиёни исломӣ истифода мешуд, нобуд карданд.

Шаҳри Ал-Боби Сурия дар 30-километрии марзи Туркия ҷойгир аст. Охири моҳи август Анқара амалиёти "Сипари Фурот"-ро сар кард, ки ҳадафаш рондани ҷиҳодиён аз манотиқи наздимарзӣ эълон шуда буд.