Alsumaria ва Alhurra: раҳбари ДИИШ дар Ироқ сахт захмӣ шудааст

Раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" Абу Бакр ал Бағдодӣ. Июли соли 2014

Абубакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Ироқ сахт захмӣ шудааст.

Дар ин бора ду шабакаи телевизионии Ховари Миёна - Alsumaria ва Alhurra иттилоъ додаанд. Вале Вазорати дифои ИМА ҳанӯз захмӣ шудани Бағдодиро тасдиқ накардааст.

Ба иттилои Alsumaria ва Alhurra, деҳаи ал-Қоим, воқеъ дар марзи Ироқ бо Сурия ҳадафи зарбаҳои ҳавоӣ қарор гирифта, дар натиҷа Бағдодӣ сахт ҷароҳат бардоштааст. Ҳамчунин аз ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ чанд тан аз тундравони дигар низ осеб дидаанд.

Ҳайдар Абадӣ, сарвазири Ироқ ҳафтаи гузашта гуфт, мақомоти ин кишвар тавонистанд, маҳалли будубоши Бағдодиро муайян кунанд. "Тамоми ҳаракатҳои ӯ пайгирӣ мешавад", - афзуд сарвазир.

Мақомоти ИМА Абубакр Бағдодиро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дода, барои маълумот дар бораи маҳалли будубошаш то 10 миллион доллар мукофот эълон кард. Хабари марги ӯ борҳо расонаӣ ва баъдан рад шудааст.