Дар инфиҷори Ҳилманд 11 нафар кушта шуд (Видео)

Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон. Рӯзи 11 феврали соли 2017

Дар натиҷаи инфиҷори мошин ё худрав дар Лашкаргоҳ – маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон – 11 нафар кушта шудаанд. Шоҳидони айнӣ ҳам мегӯянд, бар асари таркиш 15 тан кушта ва захмӣ гардиданд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маргталаб камаш 11 касро ба ҳалокат расонд

Умар Завок, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, рӯзи 11 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, инфиҷор баъд аз зуҳри шанбе дар наздикии бемористони "Ёрии таъҷилӣ" рух додааст. Мақомоти Ҳилманд дар мавриди инки таркиши рӯзи шанбе интиҳорӣ буд ё бар асоси ҷогузорӣ шудани бомба рух додааст, чизе нагуфтанд. Ҳеч гурӯҳ низ то кунун масъулияти ин инфиҷорро бар дӯш нагирифтааст.