Туркия рӯзи 16 апрели имсол барои тағйири Қонуни асосии он кишвар референдум ё раъйпурсӣ баргузор хоҳад кард. Дар ин бора раёсати олии интихоботии Туркия хабар дод. Ин тағйирот дар сурати пазируфта шудан ба раиси ҷумҳури кунунии Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳаққи эълони вазъияти фавқулода, таъини вазирону мақомоти дигари баландпоя ва пароканда кардани порлумонро медиҳад. Инчунин, бар асоси ин тағйирот, Эрдуғон метавонад, то соли 2029 дар сари қудрат бимонад. Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ислоҳи Қонуни асосӣ суботро таъмин хоҳад кард, вале мухолифонаш аз маҳдуд шудани озодиҳо нигаронанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон соли 2014 ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркия нишаст. Вай то ин дам, тӯли 10 сол, нахуствазири Туркия буд. Тарҳи тағйирот ба Қонуни асосии Туркия моҳи гузашта аз тарафи порлумони он кишвар тасвиб шудааст.