Баҳрайн се зиндонии фирориро нобуд кард

Мақомот дар Баҳрайн гуфтанд, ки нирӯҳои амниятӣ дар як рӯёрӯии баҳрӣ ба ҳангоми кӯшиши фирор ба Эрон се нафарро кушта ва ҳафт тани дигарро боздошт кардаанд. Мақомот гуфтанд, ки аксари онҳо ба ҳодисаи фирор аз зиндони Баҳрайн, ки моҳи январ рух дод, иртибот доштанд. Вазорати дохила гуфт, ки ин нафарон савори киштие ба самти обҳои Эрон ҳаракат мекарданд, вале дар роҳ ошкор ва боздошт шуданд. Онҳо гуфтанд, ки мехостанд ба нафарони дигар бипайванданд. Полис аз ин пеш гуфта буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳе ба як зиндон дар Баҳрайн, 10 зиндонӣ фирор карда 1 полис кушта шудааст. Дар зиндонҳои Баҳрайн ҳазорҳо мухолифони ҳукумат, аксар шиамазҳабон нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ маҳкум шудаанд. Баҳрайн як шарики стратегии Амрико ва қароргоҳи Флоти панҷуми баҳрии ИМА мебошад. Аксар сокинони шиамазҳаби Баҳрайн аз поймолшавии ҳуқуқашон аз ҷониби гурӯҳи ҳокими суннимазҳаб шикоят мекунанд.