Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон мегӯяд, шахсе, ки дар дастдарозӣ ба номуси даҳ наврас айбдор буд, дар натиҷаи ташхиси равонӣ девона эълон шудааст.
Ба огаҳии пулис, моҳи октябри соли 2016 муайян шудааст, ки ин мард тайи чанд моҳи ахир бо роҳи фиреб ба хонааш писарбачаҳои аз 12 то 16-соларо оварда, бо онҳо амалҳои бадахлоқӣ анҷом медодааст.
Дар натиҷа, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз ва баъди таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шуд. Фаъолони ҷамъиятӣ дар Қирғизистон аз натиҷаи озмоиш розӣ нестанд ва аз додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек дархост кардаанд, ки зидди айбдоршаванда ташхиси дубораи равонӣ таъйин шавад.
Расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз фаъолон иттилоъ додаанд, ки додгоҳ нахуст дархостро қонеъ, вале баъдан қарорашро бекор кардааст. "Ба назари мо, гумонбар ба се моҳи табобати иҷборӣ маҳкум ва баъд озод хоҳад шуд", - мегӯянд фаъолони ҷамъиятии қирғиз.