IMF: Туркманистон рӯ ба бӯҳрони иқтисодӣ ниҳодааст

Дар пасманзари ҷашнвораҳои интихоботии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки мехоҳад, раёсати худро бар кишвар идома диҳад, Бунёди байнулмилалии асъор аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар ин кишвар хабар медиҳад.

Дар гузориши як ҳайати он, ки чанде пеш аз кишвар дидан кард, гуфта мешавад,Туркманистон бар замми зиён диданаш аз коҳиши нархи нафт ва газ дар бозори ҷаҳонӣ ду харидори муҳими ин захираҳои худ -- Эрон ва Русияро аз даст дод ва дар натиҷа суръати рушди иқтисоди он коҳиш ёфт.

Телевизиони давлатии Туркманистон ин фактро ба таври комил рад карда натавонист ва дар аввали моҳи феврал хабар дод, ки рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2016 то 6,2 дарсад поён рафтааст. Ин дар ҳолест, ки шохиси рушди иқтисоди Туркманистон дар соли 2015 ба 6,5 дарсад баробар буд.

Аз худи кишвар аз камбуди маводи ғизоӣ хабар мерасад. Лука Анчешчӣ аз Донишгоҳи Глазго мегӯяд, хатари ин бӯҳрон ба ҳадди охир ва нуқтаи хатарнок расидааст. "Ба андозае, ки ояндаи ин кишварро пешгӯӣ кардан душвор аст," -- мегӯяд ӯ.